Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлия дар назди Кумитаи ҳамгиройии кишварҳои узви Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) иштирок мекунад.
Тавре аз шӯъбаи таблиғоти ҳуқуқи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили ҳамгиройии муштарак дар бахши ҳуқуқ, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои давлатҳо, ташаккул ва татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ ва ташкили заминаи воҳиди иттилоотиву ҳуқуқии кишварҳои иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа доир ба таҳияи тарзи ягонаи корбурд, такмили табодули таҷриба дар бахши мавриди амал қарор додани қарорҳои додгоҳӣ, фаъолияти адвокатӣ ва низоми адои ҷазои ҷиноятӣ, коҳиши хавфи коррупсионӣ дар қонунгузорӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ ҳуқуқӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста