Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд
12:21, 6 январ, 2009Муаллиф: Ðваз Юлдошев
Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Дар давоми сол 1 тоннаву 316 килову
838 грамм
маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли пешин 8,6 дарсад бештар буда, 368 килову 598 грамми он маводи сахттаъсири ҳероин, 574 килову
32 грамм
афюн ва 374 килову 216 грамми онро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.
Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли сипаригашта дар оташдонҳои махсуси агентӣ 2 тоннаву 653 килову
222 грамм
маводи мухаддири мусодирашуда, ки онҳо чун далели шайъӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ истифода шудаанд, сӯзонида шуд. «Нисбат ба қочоқчиёни маводи мухаддир 106 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 83-тои он нисбат ба 109 нафар ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол гардидааст», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, дар натиҷаи баргузории амалиёти муштараки кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 230 килову
303 грамм
маводи мухаддир мусодира карда шуд. «Тибқи иттилои афсарони агентӣ, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон фаъолият доранд, дар қаламрави ин кишвар
104,8 гектар
заминҳои кишти кӯкнор ва 8 лабораторияи истеҳсоли ҳероин нобуд карда шуданд», - афзуд манбаъ.
Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста