Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як зани ҷавон - сокини шаҳри Душанберо ҳангоми кӯшиши фурӯши кӯдаки навзодаш боздошт карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорати умури дохилаи кишвар - Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, кормандони раёсат дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модари тифли навзод Фарзона Хоҷаеваи 24-соларо ҳангоме ки вай писарашро бар ивази 200 доллар ба шаҳрванд Шаҳло Маликоваи 32-сола мефурӯхт, дастгир намуданд.
«Аз рӯи ин далел нисбат ба ҳарду зан парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст», - гуфт Асадуллоев ва афзуд, ки кӯдаки навзод барои нигоҳубин ба дасти хешовандон супорида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста