Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфта, 7,7 тоннаро ташкил дод.
Директори Агентиии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлили доирнамудаи агентӣ, маълум шудааст, ки дар минтақаҳое, ки таҳти назорати ҳукумати Афғонистон қарор надоранд, истеҳсоли маводи нашъавоар афзудааст.
Ба иттилои агентӣ, дар ин минтақа то 80 дарсади маводи мухддири кишвар истеҳсол мешавад. «Феълан 18 музофоти Афғонистон, аз ҷумла Тахору Қундузу Балх, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, аз маводи мухаддир озод эълон карда шуда, маводи нашъаовар аслан дар музофоти ҷануби кишвар тайёр карда мешавад», - гуфт Р.Назаров.
Р.Назаров афзуд, ки айни замон дар Афғонистон тамоили афзоиши истеҳсоли маводи мухаддири бангдона ба мушоҳида мерасад ва хулосабарорӣ оид ба «тағйирёбии куллии» истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар ҳанӯз барвақт аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста