Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бинобар моҳи ноябри соли гузашта бозпас гирифтани даъвои ширкати «Талко» аз болои ширкати «Ансол», роҳбари он Аваз Назаров ва собиқ директори ширкати «Талко»
Абдуқодир Эрматов аз Додгоҳи салтанатии Лондон, ҳамаи парвандаҳои ҷиноии қаблан аз ҷониби Додситонии кулли ҷумҳурӣ бозшуда дар мавриди онҳо қатъ карда шуд.
Додситони кулли ҷумҳурӣ афзуд, ки минбаъд А.Эрматов ва А.Назаров таҳти пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд дошт ва мувофиқи хоҳиш метавонанд аз Тоҷикистон боздид намоянд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюминиуми Тоҷикистон «TalCo» даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. Ҳамин гуна "Ансол» ҳам аз даъвояш гузаштааст.
Тибқи гузориши радиои Озодӣ, моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Салтанатии Британия даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфта буд. Коршиносон аз хароҷоти ҳуқуқии бузурги ин муҳокима, ки
ба
"Талко" - ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон даъво дошт, ки собиқ коршарикаш ширкати "Ансол" дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон бар ин назар буд, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров
бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов-раиси пештараи "Талко" (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: ТадАЗ) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.
Нашрияи британиявии "Times" аз нақли тарафи даъвогар навишта буд, ки бар ивази хидматҳояш "Ансол" ба Эрматов ба маблағи
Вале дар навбати худ Аваз Назаров даъво дошт, ки ширкати "Талко" ба "Ансол" 130 миллион доллар қарздор аст.
Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров бо кӯмаки "Ансол" корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров изҳор намуда буд, ки "Ансол" миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо масраф намудааст.
Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллоҳзода шомил буданд.
Ба қавли коршиносон сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надошт.
Талко ягона корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 000 тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, додугирифти "Талко" ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста