Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Иқтисодчии тоҷик, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи интиқоди додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин ибрози ақида намуд, ки Агентии зиддифасод бояд фаъолияти худро такмил диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои коррупсияро на танҳо дар байни омӯзгорону табибон, балки мебояд миёни мансабдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ намуд. «Дар ин самт соҳаҳои савдову тиҷорат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, мақомоти тақсимоту таъминоти газ ва гумрук аз назорат берун мондаанд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки кӯшишҳои кормандони агентӣ ҷиҳати кам кардани ҳодисаҳои коррупсия миёни табибон ҳеҷ натиҷае намедиҳанд, зеро «табобати ройгон» аллакай мавҷуд нест.
Ба ақидаи профессор, агентӣ бо ҷомеа робитаи зич надорад. Ӯ таъкид сохт, ки кормандони агентӣ бояд миёни мардум чорабиниҳо доир намоянд, зеро танҳо мардум метавонад ошкоро дар бораи мушкилоти ҷойдошта ҳарф занад. «Онҳо ҳатто бо коршиносони ин соҳа ҷиҳати гирифтани тавсияву пешниҳодот оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бо ин падида машварат намекунанд», - афзуд Ҳ.Умаров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста