Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар давоми як ҳафтаи ахир аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати маводи мухаддири кишвар дар ҷумҳурӣ якчанд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати боздошти ашхоси бо хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир сарукордошта бомуваффақият анҷом дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз оҷонсии мазкур хабар доданд, тӯли ин муддат дар натиҷаи амалиёти кормандони агентӣ 6 далели муомилоти ғайриқонунии мухаддарот ошкор карда шуда, аз қочоқбарон 8 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 7 килограм ҳероин ёфт ва мусодира карда шуд. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноёт 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.
Ба гуфтаи манбаъ, як тан аз қочоқбарони дастгиршуда, сокини вилояти Суғд будааст, ки аз моҳи ноябри соли гузашта таҳти бозҷӯӣ қарор дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста