Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Аз парвандаҳои баррасишуда дар соли 2008 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ, 23 ҳазор $ ва наздики 109 ҳазор Евро ба фоидаи даъвогарон қаноат карда шудааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодӣ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки дар давраи соли гузашта 402 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 40 адад камтар аст.
А.Ғоибназаров зикр кард, ки 140 парванда дар марҳилаи аввал, 96 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 141 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 23 парванда дар Раёсат, 2 парванда дар Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ ва 190 адад арзу шикоятҳо баррасӣ карда шуданд.
А.Ғоибназаров таъкид сохт, ки ба фоидаи буҷаи давлат аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ каме бештар аз 533 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. «Инчунин Суди Олии иқтисодӣ як қатор парвандаҳоро вобаста ба баргардонидани қарзи андоз баррасӣ намуда, ба маблағи 3 млн. 389 ҳазору 209 сомонӣ талаботи даъворо қонеъ сохт», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста