Душанбе. 14-уми. феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали додситони шаҳри Душанбе Сайфиддин Сироҷзода изҳор дошт, ки фаъолияти бозори мавсум ба «Зарнисор» дар пойтахт бар асоси қонуншиканиҳои зиёд ва риоя накардани талаботи асноди меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ баста шудааст.
Номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик бозор аз ҳисоби соҳибони он вайрон карда шуда, дар қаламрави он манзили зист бо зерсохтораш бунёд хоҳад гардид.
Собиқ директори бозор Баҳодур Талбаков гуфт, барои кор онҳо гувоҳномаи бемӯҳлат оид ба истифодаи замин дар даст доранд ва мутобиқи кодекси андоз ҳар моҳ ба буҷаи шаҳр 1 млн. сомонӣ ворид месохтанду ҳудуди 600 нафар дар бозор бо ҷойи кор таъмин буд, вале намояндаи додситонӣ ин суханони ӯро рад сохта, изҳор дошт, дар давоми панҷ соли фаъолият, аз ҷониби бозор ҳамагӣ 500 ҳазор сомонӣ мабалағ ба буҷаи шаҳр ворид гаштааст ва дар бозор на 600 нафар, балки мувофиқи рӯйхат ва бо дарназардошти мақомоти раҳбарӣ танҳо 135 нафар кор мекарданд.
Дар ҷараёни конфронси матбуотӣ соҳибкорон аз раиси ноҳияи Синои пойтахт Раҳматулло Табаров дархост намуданд, ки ба барқароршавии фаъолияти бозор мусоидат намояд, зеро онҳо тавонанд қарзҳои гирифтаи худро ба бонк баргардонанд. Дар навбати худ Р.Табаров гуфт, «ҳарчанд ҳалли масоили мазкур дар салоҳияти ӯ набошад ҳам», кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки барои ҳалли мусбати масъала мусоидат намояд.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста