Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар шаҳри Душанбе гузориши натиҷаҳои лоиҳаи минтақавии «Мубориза бо шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» муаррифӣ мегардад.
Тавре ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳа дар давоми солҳои 2007-2009 аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Дафтар оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» бо дастгирии Комиссияи Аврупо татбиқ гардид.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи муаррифиномаи гузориш ба ҳозирин перомуни тағйироти рухдода дар ин самт тайи ду соли ахир, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқшиносон оид ба барҳам додани шиканҷа ва фаъолияти рӯзноманигорон дар инъикоси мушкилоти марбут ба истифодаи шиканҷа маълумот пешниҳод хоҳад гардид.
«Дар бораи натиҷаҳои гузориш ҳамоҳангсози минтақавӣ, директори фонди «Садои озодӣ» (Қирғизистон) Сардор Бакишбеков маърӯза намуда, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон атрофи ин масъала ибрози назар хоҳанд кард», - афзуд С.Романов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста