Душанбе. 3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кормандани шӯъбаи фаврии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ қочоқчии навбатии маводи мухаддирро боздошт намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти хадамот ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни азанзаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Самара шаҳрванди Тоҷикистон, зани 48-сола Патимат Скоринская ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид. «Зан мехост дар дохили миёнбанде, ки ба ҷисмаш баста шуда буд, ҳудуди 1 кило маводи сахттаъсири ҳероинро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, феълан зан таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста