Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии
Сӯҳроб Лангариев, бародари хурди Лангарӣ Лангариев шурӯъ шуд. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз роҳбарони Фронти Халқии Тоҷикистон буд.
Чӣ тавре ки котиби матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сӯҳроб Лангариев ба даст доштан дар содир намудани ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муқобилияти мусаллаҳона ба ҳукумат ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор дониста мешавад. «Мурофиа пӯшида буда, таҳти раёсати муовини раиси Додгоҳи Олии ҶТ Зафар Азизов дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотиии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор мешавад», - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти КДАМ-и ҶТ, Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб, дар хонааш боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.
Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Ба ҷуз Сӯҳроб Лангариев, дар манзили зисти ӯ ҳамчунин боз чанд нафари дигар ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла писари яке аз пешвоёни Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров – Нурмаҳмад Сафарови 22-сола ва якчанд шаҳрванди Афғонистон низ
боздошт шуда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста