Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии кулл ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан ва ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак»,
намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак иҷозат дод.
Собиқ директори нерӯгоҳи бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Маҳмадулло Қурбонов ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори наздик ба 380 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешаванд.
Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, дахлнопазирии собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» чун намояндаи мардумӣ мардумӣ бо мақсади тафтиши даст доштани ӯ дар содир намудани ҷиноят бекор карда шавад.
Собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағҳои давлатӣ ба миқдори 1 млн. 282 ҳазору 700 сомонӣ (ҳудуди 380 ҳазор доллари амрикоӣ) гумонбар дониста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2008 Маҳмадулло Қурбонов аз вазифаи директори Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев озод карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста