Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати мазкур иттилоъ доданд, ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси агентӣ дар қасри «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ раиси вилоят изҳор дошт, ки дар зарфи 10 соли фаъолият аз ҷониби кормандони раёсат ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 3 ҳазору 674 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, беш аз 6,5 ҳазор тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Барои хизмати арзанда дар кори мубориза бо маводи мухаддир 45 нафар кормандони раёсат бо медалҳои ҷашнии «10-солагии АНМН ҶТ» сарфароз гардонида шуда, ба се нафар тӯҳфаҳои Идораи СММ ва панҷ нафар корманд тӯҳфаҳои Президенти Тоҷикистон супурда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста