Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар ҳукуматдорони Миср се донишҷӯи Донишгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳираро, ки дар қатори 15 нафар донишҷӯёни дигари
тоҷик шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, ба ватан истирдод карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, айни замон донишҷӯёни истирдодшуда – Шавкат Кимсанов, Хуршед Эрматов ва Аламшо Шарифов дар шаҳри Маскав қарор доранд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср 15 нафар донишҷӯи макотиби олии Мисрро боздошт намуда, 6 нафари онҳоро рӯзи 27-ум ва 4 нафари дигарро рӯзи 30-юми май раҳо карда буданд. «Айни замон масъалаи истирдоди Фаридун Гулов ва Идибек Зиёвуддинов ҳанӯз пурра мушаххас нест ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо пайи идомаи таҳсил дар Миср бимонанд», - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Зикр гардид, ки ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни Доншгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳира буда, мустақилона баҳри таҳсил ба Миср рафтаанд. «Ҳукуматдорони Миср онҳоро дар риоя накардани тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Миср гунаҳкор медонанд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста