Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон боз як узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдулло Раҳимов – маъруф ба Мулло Абдулло, ки ба содир намудани ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гумонбар дониста мешавад, боздошт шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ваҳдат сокини 33-солаи шаҳри Роғун Туробшо Солеҳовро боздошт карданд. «Соли 1997 Солеҳов бо аъзои дигари гурӯҳ Дилшод Алиев дар мавзеи Каҷбедии шаҳраки Обигарм сари сокини шаҳри Душанбе Миралӣ Исломовро аз тан ҷудо кардаанд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31-уми май дар шаҳри Ваҳдат сокини шаҳри Душанбе Ҷумъабой Сангинов, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов – маъруф бо лақаби Мулло Абдулло буду ба даст доштан дар ҷиноёти солҳои гузашта содиршуда гунаҳкор дониста мешуд, боздошт гардида буд. Ҷ.Сангинов дар латукӯби шаҳрванд Табаров Н.Х. 4-уми майи соли 1996 ва ҳамлаи ғоратгарона ба истироҳатгоҳи «Оби Гарм» 18-уми ноябри соли 1996 гунаҳкор дониста мешавад.
Дар Тоҷикистон то ҳанӯз тафтиши парвандаҳои ҷиноии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нимаи моҳи май узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Фатҳулло Тоҷиддинов (Эшони Дароз) – сокини ноҳияи Нуробод Музаффар Нуриддинов боздошт гардид. Зимни тафтиш ошкор гардид, ки боздоштшуда дар ҳамроҳӣ бо Мулло Абдулло тӯли солҳои 1994-1999 дар ноҳияи Ваҳдату Файзобод як қатор ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. Иштироки М.Нуриддинов дар қатли ду нафар корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод дар соли 1998 муайян шуд.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста