Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавзеи наздики шаҳри Душанбе махфигоҳи бузурги силоҳ кашф шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии мавзеъе дар наздикии хоҷагии Тоҷикободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳонгоҳи аслиҳаву муҳимот ошкор гардида, аз он туфангчаҳои навъҳои «Стар-Стал-22», «Сат», «Макаров», туфанга-пулемёти истеҳсоли хориҷӣ бо ду тирдон, милтиқи навъи «Винчестер Кобра», 2 автомати Калашников, милтиқи шикории андозаи 16, милтиқи хурд, 446 дона тирҳои андозаи гуногун, 8 дона норинҷаки Ф-1 ва 3 дона норинҷаки РГД-5 дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш
зимни азназаргузаронии қаламрави сохтмони бинои манзили зист дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд. Аз пинҳонгоҳ як пулемёти Калашников бо 3 тирдон ва ҳамчунин 19 тирдони автомати Калашников ва 1 ҳазору 133 дона тирҳои гуногун пайдо шуда буд.
Шурӯъ аз соли 1994 танҳо аз ҷониби мақомоти умури дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 31 ҳазор адад силоҳ мусодира карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста