Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми июн дар посгоҳи назоратии «Чорбоғ» кормандони БДА автомашинаи «
Toyota
Avensis
»-и мутааллиқ ба сокини шаҳри Душанбе С.С.-ро манъ месозанд, ки як мусофири дигар – сокини ноҳияи Вахш Т.А. низ дар он ҳузур дошт. «Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина 50 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати муайян кардани соҳиби бор ва дигар шахсони дар ин кор дастдошта чораҳо меандешанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста