Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Вайсиддин Азаматов изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амал мекунанд ва ҳамаи онҳо таҳти назорат қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта фаъолияти 6-то аз ин гурӯҳҳо қатъ карда шуда, аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, дар қаламрави вилояти Суғд – 62, Хатлон – 31 ва ВКБМ 4 гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият доранд», - гуфт Азаматов.
Дар маҷмӯъ, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти агентӣ дар нимсолаи аввали соли равон, номбурда гуфт, дар давраи ҳисоботии мазкур кормандони агентӣ аз 86 ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 504 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки аз рӯи онҳо 81 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 67-тои он нисбат ба 81 шахси гунаҳкор ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 3 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, ки аз он ба ҳиссаи ВКД – ҳудуди 1,5 тонна, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 172 кило, Хадамоти гумрук – 77 кило, нерӯҳои марзбонӣ - 756 кило ва АНМН – 504 кило рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста