Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шарқи кишвар бародарони роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов, ки рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ба қатл расида буд, боздошт шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни бозпурсӣ Раҳмиддин Азизови 37-сола ва Зайдулло Азизови 32-сола макони ҷойгиршавии се махфигоҳро дар мавзеҳои Гул ва Гирдоби ноҳияи Тавилдара бо захираи зиёди аслиҳа нишон доданд. «Аз махфигоҳ автомати Калашников, сарулибоси ба Н.Азизов тааллуқдошта, норинҷакафкан, 9 тирдон бо 270 дона тири андозаи 5,45 мм, 580 дона тири андозаи 5,45 мм, 176 дона тири андозаи 7,62 мм, пулемёт бо ҳудуди 500 дона тир, 2 борхалта ва ғайра дарёфт шуданд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. «Бародарон Азизовҳо ба созмон додани гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа гумонбар дониста мешаванд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста