Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 85,5% ба иҷро расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, иҷрои нақша дар ВМКБ ба андозаи 93,*%,вилояти Суғд – 70,4%, вилояти Хатлон – 95% ва шаҳри Душанбе ба андозаи 78,4% ба иҷро расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ дар саросари кишвар нақшаи даъвати ҷавонон дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба иҷро расида, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев ба раисони ин шаҳру навоҳӣ номаи миннатпазирӣ ирсол кардаст.
Ёдрас мекуем, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то 31-уми май идома хоҳад ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста