Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Адвокати маъруфи тоҷик, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки Фармони Прокурори генералии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 1993 дар бораи аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ ва хориҷ кардани ӯ аз мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ эътироф карда шавад.
Дар Суди конститутсионӣ ва Дафтари дифоъ аз ҳукуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ, ки Ҷӯраев нусхаи муроҷиаташро ба он ирсол доштааст, ба ОИ «Аия-Плюс» қабули муроҷиатнома ва асноди ба он замимашударо тасдиқ карданд.
Котиби Суди конститутсионӣ Карим Каримов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки айни замон муроҷиатномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дошта, баррасии он маъмулан дар муддати як моҳ сурат мегирад. «Суди конститутсионӣ – мақомоти мушовара буда, қарорҳои он ба таври муштарак қабул мешаванд ва айни ҳол судяҳо маводи парвандаи мазкурро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ намуда, танҳо гуфт, ки муроҷиат ва маводҳоро ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар таърихи 27-уми апрели соли ҷорӣ супурдааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста