Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Кормандони шӯъбаи фаврии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар гузаргоҳи Большой Киселнии шаҳри Маскав як зани 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони узви фаъол будан дар яке аз ҳаракатҳои тундгарои исломии Тоҷикистон боздошт намуданд.

Тавре агентии иттилоотии «Балтинфо» хабар медиҳад, ин зан ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар даъватҳои бо роҳи зӯроварӣ иваз намудани сохти конститутсионии кишвар ва ташкили давлати исломӣ таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ӯ дар яке аз тавқифгоҳҳои пулиси шаҳри Маскав қарор дошта, маводҳо ҷиҳати ҳалли масъалаи истирдоди ӯ ба Прокуратураи генералӣ супурда шудаанд. Чунин қарорро суд қабул хоҳад кард. Тибқи таҷрибаи мавҷудаи байнулмилалӣ, истирдоди шахсони гумонбар ба содир кардани ҷиноёти сиёсӣ пешбинӣ нашудааст. Қобили зикр аст, ки Шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ то ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст.