Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ бо далели марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, ба додгоҳ ирсол гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумхурӣ иттилоъ дод, ба гумони даст доштан дар ин амал корманди милисаи ШКД-и Сино-1 бо моддаи 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) гунаҳкор дониста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки нахуст мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ боз карда буд, вале додситонии шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, ба он гунаҳкорӣ тибқи моддаи КҶ-ро пешбинӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста