Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба ҳафт тан аз ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба анҷом расида, онҳо ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол гардиданд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши мақомоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, ҳафт нафар ҷонибдорони полковники ошӯбгар – Умаралӣ Қурбонзода, Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Тӯрахонов ва Ҳокимҷон Донаев моҳи марти соли 1998 ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев марзи давлатии Ӯзбекистонро убур намуда, ба тамрингоҳи саҳроии генерал Дӯстум дар Афғонистон раҳсипор шуданд. «Пас аз омодагирии панҷмоҳа онҳо ба ҷамоати деҳоти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргашта, шаби 4-уми ноябр ба вилояти Суғд ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд», - гуфт сармуфаттиш.
Ба қавли мавсуф, пас аз чандин соли иқомат дар қаламрави Ӯзбекистону Русия онҳо ба ватан баргаштанд ва аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон боздошт шуданд. «Нисбат ба ҳамаи гумонбаршудагон додситонии вилояти Хатлон мутобиқи моддаҳои 185 қ. 1 (Ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар он), 186 қ. 2 (Бандитизм), 187 қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша), 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигаҳдории зӯроваронаи ҳокимият) ва 313 (Ошӯби мусаллаҳона)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд», - афзуд Баҳром Шомиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста