Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мурофиаи додгоҳии парвандаи сокини 37-солаи пойтахт Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милисаи ШКД-и Сино-1 фавтидааст, ба таърихи 6-уми июн мавқуф гузошта шуд.
Мурофиаи додгоҳӣ бояд имрӯз, 2-юми июн доир мегардид, вале бинобар ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ, ба санаи дигар гузаронида шуд. Иштирокчиёни боқимондаи мурофиа – додрас, хешовандони ҷабрдида, шоҳидону адвокатҳо ва айбдоршавандагон дар вақти таъиншуда ба додгоҳ ҳозир шуданд.
Дар маҷмӯъ дар назди бинои додгоҳ ҳудуди 50 нафар ҷамъ омада буданд, ки миёни онҳо намояндагони созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ ва ҳамчунин рӯзноманигорон ҳузур доштанд.
Оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов ду корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и шаҳри Душанбе - Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов ҷавобгӯ хоҳанд буд, ки ба хунукназарӣ айбдор карда мешаванд. Раёсати мурофиаи мазкурро додраси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Қосимов ба ӯҳда дорад.
Манфиатҳои ҷониби ҷабрдидаро адвокати соҳибтаҷрибае намояндагӣ хоҳад кард, ки хизматгузориаш ба таври ройгон аз ҷониби Дафтари дифоъ аз хуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ пешниҳод шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста