Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» - | Собиқ директори бахши тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Ташрифов, ки аз ҷониби суд дар қаллобии ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста шудааст, аз толори додгоҳ озод гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиаи судӣ, додраси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Бахтиёр Искандаров хабар дод, додгоҳ Ҳ.Ташрифовро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 61,5 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 13,6 ҳазор доллар) муваззаф сохта, молу мулкашро мусодира кард. Ба ҷуз ин, ӯ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба мӯҳлати 1,5 сол маҳрум карда шуд. «Ҳамроҳи Ташрифов мансабдори дигари Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ - корманди шӯъбаи кадрҳо Олим Раҳимов низ ба қаллобии хидматӣ гунаҳкор дониста шуда, ба пардохти ҷарима ба давлат дар ҳаҷми 3,5 ҳазор сомонӣ ӯҳдадор гардид», - гуфт додрас.
Ҳабибулло Ташрифов тирамоҳи соли 2010 аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони ситонидани ришва ба маблағи 30 ҳазор доллар боздошт гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағйирот ворид гардида, мутобиқи он шахсони содиркардаи ҷиноёти иқтисодӣ, дар сурати ҷуброни хисорот ба давлат ва пардохти ҷаримаи пешбинишуда, аз ҷазои ҷиноӣ метавонанд озод карда шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста