Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ қисмати асосии санҷиши фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки роҳбараш ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад, ба итмом расониданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов хабар дод, санҷиш мутобиқи қарори Прокуратураи генералии ҶТ гузаронида шуд.
Шӯҳрат Қудратов, адвокати директори генералии ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, бо маълумоти пешакии санҷиш шинос шуда, дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба тамоми иншооти сохтмонии ширкат 135 млн. сомонӣ (бо қурби кунунӣ – 30 млн. $) маблағ масраф шудааст, ки 108 млн. сомонӣ (24 млн. $)-и онро маблағи саҳмгузорон, қарзҳои бонкӣ ва инчунин воситаҳои тендерии ҷудошуда барои сохтмон дар минтақаи ҷануби кишвар ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи Қудратов, 27 млн. сомонии боқимонда маблағҳои шахсии Ҷӯрабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати хусусии сохтмонӣ сармоягузорӣ шудаанд. «Саҳмҳои хусусии аҳолӣ 62 млн. сомониро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, шумораи саҳмдорон ба 700 нафар мерасад ва аз ин миқдор 250 нафар ё соҳиби манзил шудаанд ва ё дар навбати гирифтани ордери манзиланду 450 нафар манзилҳои зисти худро дар биноои сохтмонашон нотамом интизоранд», - гуфт ӯ.
Адвокат мегӯяд, мутобиқи хулосаҳои пешакии санҷиш, «воситаҳои дастрасшуда аз саҳмдорон, ташкилотҳои бонкӣ ва ғайра тибқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ба қайд гирифта нашудааст».
Дар ҳамин ҳол, роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба парвандаи «Мовароуннаҳр» Умед Пӯлодов таъкид кард, ки «санади санҷиш то ҳанӯз ба Прокуратураи генералӣ пешниҳод нагардидааст».
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов тибқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) идома дорад.
Ширкати «Мовароуннаҳр» шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони манзил тариқи ипотека машғул аст, вале барои сохтмони манзил аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағ ҷамъ оварда, на ҳамаро бо манзили ваъдашуда таъмин кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста