Қӯрғонтеппа. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа як нафар сокини ҳамин шаҳрро бо ҷурми марбут ба узвият дар созмони фаъолияташ манъшудаи «Ҷамоати Таблиғ» ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуд.

Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳасан Мӯъминов хабар дод, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷаннатулло Абдураҳмонов, ки қаблан бо се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар – 111 (Қасдан расонидани зарари  миёна ба саломатӣ), 112 (Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ) ва 116 (Лату кўб) маҳкум шуда буд, моҳи ноябри соли гузашта аз тарафи кормандони раёсати кумитаи амнияти вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани амри маъруф бо мақсади ҷалби бештари аъзо ба «Ҷамоати таблиғ» дар масҷиди назди маҳаллаи МБГ-и шаҳр боздошт карда шуд.

Ба қавли судя, дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шудааст, ки номбурда узви созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҷамоати таблиғ» буда, бо супориши Абдулло ном нафари шахсияташ ба тафтишот ва суд номаълум дар масҷиди деҳаи Навободи ноҳияи Бохтар ва яке аз масҷидҳои шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти «Ҷаморати таблиғ» маросими амри маъруф доир меардааст. «Суд ӯро тибқи моддаи 307, замимаи 3, қисми 2-и КҶ ҶТ (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибориқонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст) гунахгор дониста, ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум намуд», - афзуд Ҳасан Мӯъминов.

Мӯъминов ҳамчунин қайд кард, ки як гурӯҳи 36 нафараи ҳамсафони Ҷ.Абдураҳмоновро суди вилояти Хатлон моҳи декабри соли 2009    ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намуда буд.

Ба суоли он ки оё судшаванда дар рафти баррасии судӣ аз мақомоти тафтишотӣ шикояте дар бораи шиканҷа доштё на, судя иброз дошт, ки гумонбаршуда то лаҳзаи эълони ҳукми суд дар озодӣ буда, нисбаташ чораи ҳабс пешбинӣ нашуда буд. «Ӯ дар мурофиаи судӣ низ шикояте накарда, танхо баъди хукми суд аз толори судӣ ба ҳабс гирифта шуд», - афзуд Ҳ.Мӯъминов.

Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Султонов, адвокати Ҷаннатулло Абдураҳмонов, зимни як сӯҳбат бо хабарнигорон иброз намуд, ки бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати зерҳимояаш мувофиқ нест. «Ҷиноятҳои дар моддаи 307, замимаи 3, қисми 2 бандубастшударо зерҳимояи ман содир накардааст ва дар ҷараёни баррасии судӣ низ ҷиноёти зикршуда, аз ҷумла созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳ, барангехтани ангезаҳои милливу нажодӣ ва ғайра исботи худро наёфтаанд», - мегӯяд ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар мурофиаи судӣ танҳо ҳолатҳое тасдиқи худро ёфтаанд, ки Абдураҳмонов дар масҷидҳо амри маъруф намуда, мардумро ба эҳтироми ҳамдигару ба роҳи рост рафтан даъват кардааст, вале мутаасифона, суд ба ин даъватҳо ё сӯҳбатҳои ӯ бо мардум ба таври дигар баҳо додаст. «Ман то имрӯз бо ҳукми суд розӣ нестам», - иброз дошт ӯ.

 Адвокат мегӯяд, дар сурати дар ҳаракатҳои Ҷ. Абдураҳмонов ҷой доштани таркиби ҷиноят, суд бояд шароитҳои айбдоршавандаро ба назар мегирифт. «Шояд суд дар тасмимгириаш нисбати зерҳимояи ман он ҳолате, ки Абдураҳмонов  боз қаблан се маротибаи дигар маҳкум шуда буд, ба назар гирифта, ӯро ба мӯҳлати 3,6 моҳ равонаи зиндон намуд», - изҳор дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, дар ин ҷо низ суд ҳукмҳои судии аслаш ба ҷанҷолҳои оилавӣ марбутро бояд ба эътибор намегирифт ва  бо назардошти шароити оилавии ӯ, ҷазои сабутар пешбинӣ мекард.