Душанбе. 11-уми июн. «Азия-Плюс» - | Рӯзи ҷумъа, 10-уми июн дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додрасро латукӯб карда, ба бинои додгоҳи вилоят ва мақомоти додситонӣ хисороти назаррас ворид сохтанд. Ҳамин тариқ онҳо норизоии худро аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Кайён Раҳимови 29-сола изҳор доштанд, ки ба куштор айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.
«Воқеа пас аз эълони ҳукм ба вуқӯъ пайваст. Тахминан соати 15-30 дақиқа шахсони номаълум вориди бинои додгоҳи вилоят гардида, бидуни ҳеҷ асосе муовини додраси вилоят Халил Холиқов, додрас Акбаршо Сафаров ва омӯзгори литсеи техникии ноҳияи Шуғнон Азизулло Муқаддамшоевро латукӯб карданд. Ҳар сеи онҳо ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд», - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, сипас ин шахсон хисороти зиёд ба утоқҳои кории додрасҳо, асбобу анҷоми коргоҳ ва шишаи тирезаҳо ворид карданд, ки маблағи умумии он 20 ҳазор сомониро ташкил дод. «Бо ин ҳам ором нашуда, гурӯҳи авбошон ба назди бинои додситонии шаҳри Хоруғ рафтанд ва тирезаҳои онро шикастанд, ки ҳаҷми зарар ба 3 ҳазор сомонӣ баробар аст», - иттилоъ дод намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Дар натиҷаи баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ду гумонбар дар ин амалҳо - Эраҷ Садоншоеви 41-сола ва Ҷамшед Шералиеви 26-сола дастгир карда шуда, барои боздошти ашхоси дигари дар ин амал дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста