Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди марҳилаи кассатсионии шаҳри Душанбе шикояти хусусии намояндаи ҳафтавори «Азия-Плюс» ба таъиноти суди ноҳияи Фирдавсии пойтахтро рад кард.

Бо таъиноти суди ноҳияи Фирдавсӣ аризаи даъвогии иҷрокунандаи вазифаи сардабири рӯзномаи «Азия-Плюс» нисбат ба Анвар Тағоймуродов дар бораи дифоъ аз номи некаш ва обрӯи кориша бидуни ҳаракат гузошта шуд.

Дар суд мегӯянд, мавриди истеҳсолот қарор нагирифтани аризаи даъвогӣ ба он марбут будааст, ки гӯё дар даъво суроғаи ҳуқуқии рӯзнома ва ҳамчунин баёноти иҷрокунандаи вазифаи сардабири рӯзномаи «Азия-Плюс» Марат Мамадшоев ва рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова зикр наёфтаанд. Дар посух намояндагони рӯзнома ба чунин таъинот изҳори норозигӣ карда, шикояти хусусӣ пешниҳод намуданд.

Зимни баррасии шикояти хусусӣ ҳайати мушовараи кассатсионии суди шаҳри Душанбе бурҳону далели ҷонибҳоро шунида, таъиноти суди ноҳияи Фирдавсиро бидуни тағйир боқӣ гузошт ва шикояти хусусии намояндаи рӯзномаро рад кард. Раёсати ҳайати мушовараро муовини раиси суди шаҳри Душанбе Шамсулло Азизов ба ӯҳда дошта, ба сифати аъзо дар он судяҳои шаҳри Душанбе Хушбахтова ва Ширинҷонова низ иштирок доштанд.

Намояндаи рӯзномаи «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов аз  чунин таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ изҳори норозигӣ карда, мегӯяд, ки «барои рад сохтани шикояти хусусӣ ҳеҷ асосе мавҷуд набуд, зеро дар аризаи даъвогии мутақобил суроғаи ҳуқукии рӯзнома зикр ёфта, баёнотҳои иҷрокунандаи вазифаи сардабир ва рӯзноманигор ба парвандаи дар Прокуратураи генералӣ мавҷудбуда ҳамроҳ карда шудаанд ва суди ноҳияи Фирдавсӣ бо ирсоли нома ба Прокуратураи генералӣ ӯҳдадор буд, ки онҳоро талаб карда, ба парванда ҳамроҳ созад».

Пас аз гирифтани таъиноти асоснокшудаи марҳилаи кассатсионӣ Қудратов ният дорад, ки аз болои он ба суди марҳилаи назоратии шаҳри Душанбе шикоят барад.

Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар матлаби Рамзия Мирзобекова аз шиканҷаву азоби боздоштшудаҳо аз сӯи кормандони интизомӣ нақл мешуд.