Душанбе. 15-уми июн. «Ази-Плюс» — | Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ гирдиҳамойии ғайриқонунӣ оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидон хабар доданд, дар назди бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёда аз 500 нафар ҷамъ омадаанд, ки аслан ҷавонон мебошанд.

Айни замон бо ҷамъомадагон раиси вилоят Қодири Қосим сӯҳбат мекунад. Қаблан ба ӯ рӯйхати талабҳои гирдиҳамомадагонро супрдаанд, вале аз мазмуну мундариҷаи талабҳо то ҳол ба ОИ «Азия-Плюс» чизе маълум нест. «Гирдиҳамомадагон талаб доранд, ки мақомоти суду прокуратура ба поймол кардани ҳуқукҳои онҳо даст назанд», - мегӯяд яке аз шоҳидон.

Аз Раёсати корҳои дохилии вилоят баргузории гирдиҳамоиро ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд ва изҳор доштанд, ки дар он на бештар аз 250 нафар иштирок доранд. «Гирдиҳамоиро метавон ғайриқонунӣ номид, вале ҷамъомадагон оромона рафтор доранд», - гуфтанд дар раёсат.

Аз раёсат ҳамчунин гуфтанд, ки назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузошта шуда, ҳарчанд аксари ҳайати шахсии раёсат дар майдон бошанд ҳам, истифодаи воситахои махсус барои пароканда кардани гирдиҳамойӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки гирдиҳамоии мазкур дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи ҷумъа, 10-уми июн дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додрасро латукӯб карда, ба бинои додгоҳи вилоят ва мақомоти додситонӣ хисороти назаррас ворид сохтанд. Ҳамин тариқ онҳо норизоии худро аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Кайён Раҳимови 29-сола изҳор доштанд, ки ба куштор айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон карда шуд.

Ба қавли ӯ, сипас ин шахсон хисороти зиёд ба утоқҳои кории додрасҳо, асбобу анҷоми коргоҳ ва шишаи тирезаҳо ворид карданд, ки маблағи умумии он 20 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо ин ҳам ором нашуда, гурӯҳи авбошон ба назди бинои додситонии шаҳри Хоруғ рафтанд ва тирезаҳои онро шикастанд, ки ҳаҷми зарар ба 3 ҳазор сомонӣ баробар аст.