Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шоми дирӯз пас аз анҷоми бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1 бар сифр ба охир расид, бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мухлисони дастаи «Равшан» ба фаъолияти доварон, ки ба ақидаи онҳо он ба шикасти дастаашон боис гардидааст, ба таври ошкоро ба изҳори норозигӣ оғоз кардаанд. «Кормандони милиса кӯшиш карданд, ки зӯран мухлисони норозиро аз майдон берун бароранд, вале чанде аз мухлисон ба ин тан надода, муқобилият нишон доданд, - мегӯяд ӯ. – Дарҳол чанд таркише рух дода, осеб дидани мухлисон аз эҳтимол дур нест».
Айни замон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шарҳи ҳама гуна тафсилоти воқеъа худдорӣ варзида, мегӯянд, феълан вазъ дар Кӯлоб пурра таҳти назорат аст. Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки баҳри пешгирии бетартибиҳои оммавӣ кормандони милиса аз воситаҳои махсус, аз қабили гази ашковар, таркишҳои огоҳкунанда ва ғайра истифода бурдаанд.
Сарчашма дар бораи шумори осебдидагон маълумоти дақиқ надорад, вале тибқи баъзе маълумот, шумори ҷароҳатбардоштагону боздоштшудагон шояд даҳҳо нафарро ташкил диҳад.
Акс аз www.ozodi.org




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста