Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба гумони даст доштан дар муолиҷаи ғайриқонунии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ, ки ба ҳалокати зани ҳомиладор боис гардид, нисбат ба сокини ноҳияи Синои пойтахт Марям Холхӯҷаева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази маутбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, бар асари муолиҷаи ғайритахассусӣ аз ҷониби гумонбаршуда, ки маълумоти тиббӣ надоштааст, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе Х.М. ба ҳалокат расидааст. «Зани ҳомиладор дар ҳолати вазнин ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт оварда шуда, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд. Натиҷаҳои ташхис нишон додаанд, ки тавассути рагҳои хунгард ба ҷисми ӯ дорувории хатарнок гузаронида шудаанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, гурӯҳи тафтишотӣ аллакай ошкор сохтааст, ки Марям Холхӯҷаева аз соли 1989 инҷониб бе ягон хел иҷозатнома ба фаъолияти хусусии тиббӣ-момодоягӣ машғул будааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста