Хуҷанд. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд савдогари маводи мухаддир зимни фурӯши он боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави бозори марказии шаҳри Истаравшан сокини ҷамоати Гули Сурх Р.Ф. ҳангоми фурӯши маводи мухаддир ба харидорӣ шартӣ ба маблағи 300 $ дастгир шудааст. «Аз боздоштшуда ду бастаи дорои беш аз 2 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 200, қ.3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 338 кило маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира кардаанд. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 98 кило баробар буд.