Кӯлоб. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба анҷом расид, ки ба он шаш нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Шӯрообод дохил буданд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, се нафар аз айбдоршавандагон – Ш.Боқиев, Абдуғаффор Сарахонов ва Комилхон Давлатов қаблан аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб ба муддати аз 4 то 5 сол маҳкум гардида, вале минбаъд мавриди авф қарор гирифта будаанд. «Дар мурофиа чор ҳолати марбут ба дастрас кардан, интиқол ва фурӯши дар маҷмӯъ 11 кило маводи нашъаовар баррасӣ шуд», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти додгоҳ, узви гурӯҳ, сокини ноҳияи Шӯрообод Муртазо Розиқов якчанд маротиба бо қочоқбари нашъа, шаҳрванди Афғонистон бо исми Маҳмадулло вохӯрда, лекин ба додгоҳ муяссар нашудааст, ки чӣ гуна ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрванди Афғонистонро муайян намояд.
Ба қавли А.Холов, додгоҳ Ш.Боқиевро ба муддати 13,5 сол, А.Сарахонов ва М.Розиқовро ба муддати 10 сол ва узви боқимондаи гурӯҳро ба муддати аз 8 то 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста