Ҳисор. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи ноҳияи Ҳисор соҳибкор Ҳафизмурод Каримовро барои пешниҳоди пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА ба ёвари додситон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии корхона ба се соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси додгоҳи ноҳияи Ҳисор Сайдалӣ Сафаров хабар дод, Ҳ. Каримов тибқи ваколатномаи писараш Бузргмеҳр Каримов пешбурди тамоми фаъолияти тиҷоратӣ ва муҳосибии ЧДММ «Зарифӣ»-и ноҳияи Ҳисорро ба ӯҳда дошт.
Тафтишот муайян кард, ки рӯзи 2-юми марти соли равон коромӯз - ёвари додситони ноҳияи Ҳисор М.Гулов зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ҳисоботи пардохти андози чанде аз соҳибкорон дар идораи Нозироти андози ноҳия ба дурустии ҳисоботи моҳи декабри соли 2010-и ҶДММ «Зарифӣ» шубҳа пайдо карда, барои санҷиши ҳамаҷониба ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо худ ба мақомоти додситонӣ мебарад.
Ёвари додситон зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ҷамъияти мазкур муайян мекунад, ки Ҳафизмурод Каримов моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо сармуҳосиби ҶДММ «Шатл»-и ноҳияи Восеъ О.Шарифов вохӯрда, вобаста ба ҳамкорӣ ва дастгирии тиҷоратии корхонааш бо ӯ маслиҳат мекунад. Сипас аз О.Шарифов як адад бланкаи тозаи ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои силсилаи ВВ № 168527-ро мегирад, ки пешакӣ бо мӯҳр ва имзои роҳбари ҶДММ «Шатл» А.Саидов ва сармуҳосиб О.Шарифов тасдиқ шуда буданд. Минбаъд ӯ бо истифода аз онҳо ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ ба Нозироти андози ноҳияи ҳисоботи бардурӯғу нодуруст пешниҳод месозад.
Ба гуфтаи Сайдалӣ Сафаров, вакте ёвари додситони ноҳияи Ҳисор М.Гулов барои муайян намудани ҳолатҳои ин кор Ҳ.Каримовро ба додситонӣ даъват мекунад, ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз М.Гулов дархост мекунад, писарашро ба додситонӣ даъват накунанд, зеро ӯ ба ин кор ҳеҷ муносибате надорад ва гузашта аз ин, бемор низ мебошад. «Чун ҳама ҳуҷҷатҳои расмии ҷамъият ба номи Бузургмеҳр Каримов ба қайд гирифта шуда буданд, ёвари додситон ҳозир шудани писари ӯро зарур дониста, вохӯриро дар бинои додситонӣ ба санаи 7-уми марти соли равон таъин мекунад. Дар ин рӯз Ҳафизмурод худ танҳо ба вохӯрӣ омада, барои қатъи идомаи санҷиши корхонааш ба қабати ҳуҷҷатҳои мизи кории ёвари додситон ба сифати пора 3 ҳазор доллари ИМА маблағ мегузорад», - иброз дошт ёвари раиси додгоҳи ноҳияи Ҳисор.
Ба қавли манбаъ, А.Каримов ҳангоми пешниҳоди пора ба шахси мансабдори давлатӣ боздошт шудааст. «Пас аз омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи кирдорҳои айбдоршаванда, додгоҳи ноҳияи Ҳисор Каримовро ба додани пора ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии корхона гунаҳкор дониста, ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста