Кӯлоб. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров овозаҳои ба боздошти тоҷири маъруф Сафармад Рустамов вобаста будани қазияи боздошт ва пурсуҷӯйи мухлисон пас аз вохӯрии дастаи футболи «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истиқлол» (Душанберо)-ро дар санаи 14 уми июни соли ҷорӣ қотеъона рад кард. Сафармад Рустамов баъдтар аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт гардида буд.
«Барои ба боздошти тоҷир Сафармад Рустамов вобаста кардани бетартибиҳои мухлисон мо ҳеҷ асосе надорем ва гузашта аз ин, ӯ пас аз 2 ҳафтаи воқеъаи мазкур боздошт гардид», - гуфт ӯ.
Гузашта аз ин, ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муссар гардид, то маълум созад, ки дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ яке аз аввалинҳо шуда маҳз автомашинаи С.Рустамов осеб дидааст ва дар меҳмонхонаи шаҳри Чкаловск низ мухлисон аз меҳмонхонаи ӯ якчанд телефонро бо худ бурдаанд. Баъд аз ин, мухлисон аз меҳмонхона хориҷ карда шуда, ба вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз» тими «Равшан» бидуни дастгирии мухлисон ҳозир шуда, ба шикаст бо ҳисоби 1 бар 3 мувоҷеҳ гардид.
Ба қавли Искандаров, дар Кӯлоб ба гумони даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ 103 нафар ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шудаанд. «Дар натиҷаи таҳлили дақиқ ва санҷиши наворҳои видеоӣ 4 нафар ба ҳабс гирифта шуда, ба 12 нафар бобати тарк накардани маҳалли зист огоҳинома дода шудааст ва мавод нисбати 21 наврас ба баррасии комиссияҳои маъмурии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ирсол шуданд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, боз 12 нафар иштирокчиёни бетартибиҳо ҷаримабандӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста