Хуҷанд. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии сокини Хуҷанд, ки ба дуздии автомобилҳои тамғаи «Опел-Астра» ва маводи арзишманд аз дохили онҳо муттаҳам дониста шуд, ба итмом расид.
Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Аҳроров хабар дод, сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ҷалилов мутобиқи мода 244, қ.4 (Дуздӣ), 339 қ.2 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мўҳр) ва 340, қ.1 (. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 9 сол ба зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.
Моҳи сентябри соли 2007 дар шаҳри Хуҷанд Б.Ҷалилов автомашинаи тамғаи «Жигули» (арзишаш 18 ҳазору 500 сомонӣ)-ро дуздида, худи ҳамон рӯз онро бо қимати 3 ҳазор сомонӣ мефурӯшад.
Моҳи ноябри соли 2007 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояткор зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ронанда аз ҷониби кормандони БДА, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро рабуда, пас аз як моҳ онро дар шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Ахири моҳи сентябри соли 2009 бошад, дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ӯ аз дохили автомашинаи «Опел-Астра» шиму костюм, ду адад телефони мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои техникии автомашинаро медуздад.
Дар таърихи 13-уми апрели соли 2011 Ҷалилов ният дошт, ки боз як автомашинаи «Опел-Астра»-ро бидуздад, вале ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Истаравшан-Хуҷанд аз ҷониби кормандони Бозрасии давлати автомобилии шаҳри Истаравшан боздошт мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста