Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд озод карда мешавад.
Тавре дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар дод, мақомоти додситонӣ омӯзиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Усмоновро ба анҷом расонида, ба хулосае расиданд, ки баррасии онро метавон минбаъд бидуни дар маҳбас қарор доштани ӯ идома дод. «Ман дар ин бора қарори дахлдорро ба имзо расонидам ва Ӯрунбой Усмонов шоми имрӯз то анҷоми рӯзи корӣ озод карда мешавад», - гуфт вай.
Ба қавли Салимзода, дар бораи ин тасмим ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ огоҳ карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати Ӯрунбой Усмонов ба анҷом расида, гурӯҳи тафтишотии КДАМ маводи парвандаро барои омӯзиш ба мақомоти додситонии вилояти Суғд ирсол кардааст.
Ғайр аз ин Ш.Салимзода ҳамчунин гуфт, президенти Тоҷикистон бо ин қазия шинос шуданист ва айни замон кормандони мақомот перомуни ин парванда ба ӯ маълумотномаи муфассал омода месозанд.
Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста