Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ нисбати панҷ нафар ҳукми ҳабси абад содир карда шуд, ки дар ҷиноятҳои махсусан вазнин даст доранд. «Айни замон ҳамаи ҳалномаҳои додгоҳии дар ин бобат содиршуда ҳукми қонунӣ гирифтаанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, чор нафари ба ҳабси абад маҳкумшуда маҳбусоне мебошанд, ки соли гузашта аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуда буданд. Нафари панҷуми ба ҳабси абад маҳкумшуда бо исми Мерганов низ як ҷинояткори гузарову ашаддӣ аст.
«Маҳбусони фирорӣ – Иброҳим Насриддинов, Ғайбулло Азизов, Толибшо Наимов ва Саидислом Хоҷаев қаблан барои содир намудани ҷиноёти махсусан вазнин ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд ва дар давраи дар гурез буданашон ҳам ба ҷиноятҳои зиёде аз қабили куштор, ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ гаравгон гирифтан ва соҳиби силоҳ шудан ва ғайра даст заданд. Аз ин рӯ, додгоҳ тасмим гирифт, ки онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд», - гуфт Н.Абдуллоев.
Ҳамчунин дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки барои пинҳон кардани маҳбусони фирорӣ дар хонаҳои худ ва ба мақомот хабар надодани макони будубоши онҳо чаҳор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни мҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар бораи сабабҳои изҳори норозигии мардум ба ҳукми додгоҳи ВМКБ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, раиси Додгоҳи Олӣ зикр кард, ки «айни замон аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад». «То анҷоми корҳои тафтишотӣ ман дар ин хусус чизе гуфта наметавонам, вале метавонам изҳор кунам, ки имрӯз дар низоми додгоҳии ҷумҳурӣ додрасҳои ришваситон умуман мавҷуд нестанд», - иброз дошт вай.
Дар робита ба масъалаи мурофиаи додгоҳии писари собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов – собиқ додситони ноҳияи Ҳисор Файзулло Бобохонов, Н.Абдуллоев қайд кард, ки айни замон мурофиаи мазкур идома дорад ва ӯ аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста