Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таъсиси шӯъбаи махсуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Роғун ба бастани бозорҳои ғайриқонунии машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мусоидат кард, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов.
Ба қавли ӯ, дар ин бозорҳо аслан масолеҳи сохтмони аз майдони нерӯгоҳи «Роғун» дуздидашуда фурӯхта мешуданд.
«Айни замон далелҳои дуздии масолеҳ ва таҷҳизот аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба миқдори беҳад зиёд камтар шудаанд, вале фикр мекунам, ки то ҳанӯз ҳодисаҳои ба коррупсия даст задан мавҷуданд», - гуфт ӯ.
Ф.Саидов ҳамчунин гуфт, чанде қабл дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба гумони даст доштан дар дуздии маводи сӯзишворӣ якчанд сарбозону афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста