Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.
«Баъди ба ҳузурам пазируфтани падари нозири марҳум, ман бо дархости ӯ бо ҳолатҳои парванда шинос шудам, ки дар он аз ҷониби кормандони мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ба яқ қатор тақаллубкориҳо роҳ дода шудааст. Онҳо парвандаро мутобиқи моддаи 108-и КҶ ҶТ (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) тафтиш кардаанд. Ман дар ин бора ба сарвари давлат хабар додам ва бо супориши ӯ, ин парванда барои бознигарӣ ба Додситонии кулл фиристода шуда, моддаи он ба моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) тағйир дода шуд», - гуфт Ф. Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста