Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корманди Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ба гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати мазкур Ҳусейн Оқилов хабар дод.
Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ 4-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Ҳарчанд корманди агентӣ Р.Г. шахсан пораро дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА нагирифта бошад ҳам, миёнарав тасдиқ мекунад, ки ӯ ин маблағро барои Р.Г. аз сокини ноҳияи Ашт барои қатъи парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 247, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гирифтааст», - мегӯяд Оқилов.
Номбурда ҳамчунин афзуд,, тафтишот муайян хоҳад кард, ки корманди агентӣ гунаҳкор аст ё миёнарав маблағро барои худаш гирифтааст.
Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 22 далели ришваситонии шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста