Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент А. Отабеков ба ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба беш аз 100 нафар сокинони шаҳр гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, дар давраи солҳои 2005-2007 зимни дар мансаби раиси Кумитаи замини шаҳр қарор доштан ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси КВД «Кӯҳсор» Ч.С. тавассути таҳияи асноди қалбакӣ ба 103 нафар сокинони шаҳри Панҷакент аз заминҳои кишти мавзеи «Обшорон» қитъаи замин ҷудо кардааст.
Хисороти умумӣ аз амали собиқ раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент дар ҳаҷми 358 ҳазору 859 сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти раёсати агентии мазкур мутобиқи моддаҳои 261 (Бақайдгирии аҳди ғайри-қонунӣ бо замин), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста