Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Додгоҳи Олӣ мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов оғоз гардид.
Дар рӯзи аввали оғози мурофиа, 4-уми август, ки таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад, ҳимоягарони айбдоршаванда дархост пешниҳод намуданд, ки чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан иваз карда шавад.
Ба гуфтаи ҳимоягари айбдоршаванда Шӯҳрат Қудратов, пас аз машварат додрас ин дархости онҳоро қонеъ накард.
Сипас додгоҳ бо ақидаи ҷонибҳо ошно гардида, ба хулосае расид, ки дар ҷараёни баррасии парванда нахуст баёноти ҷабрдидагону шоҳидон ва пас аз ин нишондоди айбдоршаванда шунида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.
Дар ҳамин ҳол, шумори умумии саҳҳомони ширкат 700 нафарро ташкил медиҳад, ки 250 нафарашон аллакай ё соҳиби хона шудаанду ё дар даст ҳуҷҷати гирифтани манзилро доранд ва 450 нафари дигар манзилҳои худро дар биноҳои сохтмонаш нотамом интизоранд.
Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».
Ширкати «Мовароуннаҳр шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони ипотекӣ машғул аст, аммо бо қисман ё пурра гирифтани маблағи манзил на ба ҳама манзили ваъдашударо додааст.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста