Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар гаравгон гирифтани тифли навзод ду нафар зан боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, боздоштшудагон – сокини 46-солаи ноҳияи Фархор С.Н. ва истиқоматкунандаи 40-солаи шаҳри Душанбе М.Н. чанде қабл вориди хонаи як зани 40- солаи маскуни кӯчаи Неъмат Қарабоев гардида, аз ӯ баргардонидани қарзашонро талаб менамоянд.
«Онҳо тифли навзоди занро гаравгон мегиранд, то ки ӯ ба онҳо қарзашон дар ҳаҷми 13,5 ҳазор доллари ИМА-ро баргардонад», - гуфтанд дар ВКД,
Ба иттилои манбаъ, айни заон тифли навзод, ки духтарча аст, ба падару модар баргардонида шуда, нисбати гаравгонгирон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста