Тайи ду шабонарӯзи ахир кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ беш аз 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 23-юми август зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес» дар роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар бордони он ба миқдори 3,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Муайян карда шуд, ки маводи мухаддири дарёфтшуда ба мусофири автомашина С.Ш.-и 43 сола тааллуқ дорад ва ӯ онро нияти ба Русия интиқол доданро доштааст», - гуфтанд дар хадамоти гумрук.
Ғайр аз ин, дар пайи боз як амалиёти кормандони хадамоти мазкур дар шаҳри Душанбе низ 7,2 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира гардид. «Гумонбаршуда – сокини шаҳри Душанбе О.М. низ боздошт шуд», - афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо дар мақомоти додситонӣ дар нақлиёт парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар зарфи 7 моҳи соли равон кормандони хадамоти гумрук 7 тоннаву 328 кило прекурсорҳо, 2,6 кило ҳашиш ва 17 кило героинро мусодира кардаанд. Ба гумонбарии даст доштан дар содир намудани ҷиноёти мрбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 20 нафар боздошт шудаанд, ки 8 нафарашон занон мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста