Дар Тоҷикистон амалиёти махсус таҳти унвони «Велосипед, ки шурӯъ аз 15-уми сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ доир гардид, ба анҷом расид.
Ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор сохтани велосипедрононе аст, ки ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ даст мезананд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати БДА-и ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ба афроде, ки дар велосипедҳои худ садоҳои баланди гуногун ва магнитофон гузошта, бо ин амал тартиботи ҷамъиятиро халалдор месохтанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. «Барои ин амал 72 нафар велосипедронон ҷаримабандӣ шуда, воситаҳои истифоданамудаи онҳо мусодира гардид», - гуфтанд дар раёсат.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сарчашма, рӯзи 18-уми сентябр бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ду нафар велосипедронони ноболиғ ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба велосипедҳои онҳо бархӯрд.
Дар маҷмӯъ, тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар бар асари садами нақлиёт ду нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Ёвон духтарчаи сесола зери чархи мошин монда, дар ноҳияи Ҷомӣ низ велосипедрони 20-сола зери чархи мошини боркаши ГАЗ-53 монд. Аз рӯйи ин далелҳо тафтишот бурда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста