Ҳафтавори «Фараж» дар паст задани наъну эътибор ва мартабаи корӣ айбдор карда мешавад. Аризаи даъвогӣ аз болои ҳафтаворро сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов пешниҳод намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтанома Хуршеди Атовулло хабар дод, рӯзи 26-уми сентябр ба идораи ҳафтавор аз додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ огоҳинома ворид гардидааст, ки дар он аз намояндагони ҳафтавор дархост карда шудааст, ба додгоҳи мазкур ҷиҳати гирифтани нусхаи аризаи даъвогии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддини Азизов нисбат ба нашрия ва журналист Зевар Шарифова барои чои мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 доллар» (17-уми августи соли 2011) ҳозир шаванд.
«Ф. Азизов чунин мешуморад, ки ҳафтавор ва муаллифи мақола шаъну эътибори ӯро паст зада, ба мартабаи кориаш зарар расонидаанд», - мегӯяд Х. Атовулло.
Тибқи маълумоти сардабир, чунин аризаи даъвогӣ чанд рӯз қабл ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ пешниҳод шудааст, вале дар робита ба риоя накардани тартиботи барасмиятдарории аризаи даъвогӣ ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ будани аризадиҳанда, қабули он рад карда шудааст.
Ба қавли ӯ, Азизов дар аризаи нахусти худ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 103 ҳазор доллари ИМА)-ро талаб кардааст.
«Мо ба унвони додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ мактубе ирсол кардем, ки дар он гуфта мешавад, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, нусхаи аризаи даъвогӣ ба суроғаи мо бояд аз ҷониби додгоҳ фиристода шавад ва мо ӯҳдадор нестем, ки барои гирифтани он ба додгоҳ ҳозир шавем», - зикр кард сардабири ҳафтавори «Фараж».
Номбурда ҳамчунин афзуд, «баҳси додгоҳии оғозмеёфта ба фаъолияти мӯътадили ҳафтавор халал ворид хоҳад сохт».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста